Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама сокинони Кубаро ба ояндаи демократӣ даъват кард


Президенти ИМА Барак Обама сокинони Кубаро ба талош барои ояндаи нек якҷо бо Иёлоти Муттаҳида даъват карда, сафари таърихии худ ба ин кишварро лаҳзаи “дафни боқимондаи ҷанги сард дар қораи Амрико” номид. Суханронии раиси ҷумҳури ИМА тавассути шабакаи телевизионӣ пахш шуд ва дар толор президенти Куба Раул Кастро нишаста буд. Обама таъкид кард, ки шаҳрвандон набояд “умедвории беасосе” дошта бошанд, ки ҳамаи мушкилиҳо ҳал шудаанд. Вай ҳамчунин аз низоми демократӣ ситоиш кард. “Бисёриҳо фикр мекунанд, ки ман ба ин ҷо барои даъвати сокинони Куба барои вайрон кардани чизе омадаам”, - гуфт Обама, ки дар суханрониаш борҳо аз ибораҳои испанӣ истифода кард. “Аммо ман ба ҷавонони Куба муроҷиат мекунам, ки вазифадоранд чизе наверо бисозанд”, - афзуд вай. Обама нахустин президенти амрикоӣ аст, ки дар 88 соли ахир аз ин ҷазира дидан мекунад. Вай ҳамчунин бо мухолифони Куба мулоқот ва якҷо бо Кастро бозии бейсболро тамошо кард. Имрӯз президенти ИМА аз Куба ба Аргентина сафар мекунад.

XS
SM
MD
LG