Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози кишти панбадона дар Тоҷикистон


Дар айёми Наврӯз дар бархе аз ноҳияҳои Тоҷикистон мавсими кишту кори панбадона оғоз шудааст. Масъулони раёсати растанипарварии вазорати кишоварзии Тоҷикистон рӯзи 23 март бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки кишти панбадона дар охири ҳафтаи гузашта дар чанд ноҳияи ҷануби кишвар оғоз шуда ва ин раванд идома дорад. Ба гуфтаи ин масъулон, “мусоид омадани боду ҳаво ва зудтар фаро расидани баҳор ба кишоварзони ҷануби Тоҷикистон имкон дод, то кишти панбадонаро дар муқоиса ба солҳои пеш барвақтар шурӯъ намоянд.

Ҳамин тариқ тибқи иттилои ин масъулон, дар соли ҷорӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар майдони 190 ҳазор гектар панба кишт карда мешавад, ки нисбат ба соли гузашта дар майдони 30 ҳазор гектар зиёдтар хоҳад буд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гузориши вазорати кишоварзӣ ҳаҷми тавлиди маҳсули панба дар муқоиса ба соли пеш 27 дар сад коҳиш ёфт, ки дар маҷмӯъ 270 ҳазор тонаро ташкил дод.

Ҳарчанд пахта, ки аз маҳсулоти рақами яки бахши кишоварзии Тоҷикистон ва ҳамин тавр дар баробари алюминиум аз маҳсули аслии содиротии кишвар боқӣ мемонад, аммо сол то сол парвариши он камтар мешавад.Танҳо дар чаҳор соли охир масоҳати кишти пахта дар кишвар 15 дарсад ё ба ҳисоби 180 ҳазор гектар кам шудааст. Кишоварзони тоҷик мегӯянд, ки нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ рӯ ба поёншавӣ ниҳодааст ва мисли солҳои пешин барояшон фоида намеорад.

Соли гузашта дар Тоҷикистон 399 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд. Дар даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон тавлиди маҳсули пахта ба беш аз 1 миллион тонна мерасид.

XS
SM
MD
LG