Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазъи Бруссел баъд аз таркишҳо дар метро ва фурудгоҳ


Бино ба гузоришҳо дар таркишҳои фурудгоҳ ва метрои Бруссел-пойтахти Белгия дастикам 34 нафар ба ҳалокат расидаанд ва 187 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Чарлз Майкл-нахуствазири Белгия ин таркишҳоро ҳамлаҳои кӯр- кӯрона, хушунатомез ва буздилона номид.

Бино ба гузоришҳои расида аз Белгия, фурудгоҳи аслии шаҳри Бруссел баъд аз рух додани ду таркиш дар толори гусел баста шудааст.

Дар гузоришҳо гуфта мешавад, ки аз ин фурудгоҳ парвозҳо анҷом дода намешаванд ва парвозҳоро ҳам қабул намекунанд. Роҳи оҳани фурудгоҳ ҳам баста шудааст. Шишаҳои терезаҳои толор рехтаанд.

Ҳаракати нақлиёти маҳаллӣ мамнуъ ва метрои Бруссел баста шудааст. Хабаргузории Белга навиштааст, ки пеш аз таркиш дар ин маҳал садоҳои арабӣ ба гӯш расидаанд. Бино ба гузоришҳо, дар истгоҳи метрои Молбик низ кушташудагон ҳастанд.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки 4 рӯз пеш дар Бруссел Салоҳ Абдислом-гумонбари таркишҳои моҳи ноябри Порис боздошт шуд. Дар ин таркишҳо 130 нафар ба қатл расида буданд.

Маркази бӯҳронҳои Белгия ба сокинон машварат додааст, ки аз хонаҳои худ берун нараванд.

XS
SM
MD
LG