Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз Сурия сабзавоту мева ворид мекунад


Ширкати "Адиг-Юрак", ки мумкин аст ба сохтори тиҷоратии Год Нисанов ва Зарах Илиев - соҳибони маркази тиҷоратии "Европейский" ва меҳмонхонаи "Укарина" дар Москва иртибот дошта бошад, ба воридоти меваву сабзавоти Сурия шуруъ кард.

Ба гуфтаи Аслан Панеш, раис ва мудири ширкати "Адиг-Юрак" ҳафтаи гузашта дар бандари Новороссийск бори дувум маҳсулот ворид шуд, ки иборат аз 3 ҳазор тон маҳсулоти ситрусӣ, карам ва помидор буд.

Ба иттилои нашрияи "Коммерсант", соҳибкорон Нисанов ва Илиев метавонанд шарики ширкати "Адиг-Юрак" шаванд ва ҳамкори пурнуфуз Илгам Рагимовро доранд. Рагимовро маҷаллаи Forbes ҳамдарси президенти Русия Владимир Путин номида буд.

Дар Русия шуруъ аз моҳи январ воридоти сабзавот ва меваҳои Туркия манъ шуд. Муносиботи Русияву Туркия баъди сарнагун кардани ҳавопаймои низомии Су-24-и Русия аз сӯи Туркия бад гардид.

XS
SM
MD
LG