Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Харитаи "зинда"-и масҷидҳои Тоҷикистон омода мешавад


Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба таҳияи харитаи зинда ё онлайнии масҷидҳои кишвар машғул аст. Ин харита ошноӣ бо таърихи масҷидҳои бузурги Тоҷикистонро фароҳам меорад ва тамос бо имомхатибонро мумкин мегардонад.

Аз ин харита метавон дар бораи 11 масҷиди ҷомеи шаҳри Душанбе ва ҳамчунин шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ пайдо кард.

Таҳияи харитаи онлайнӣ замоне анҷом дода мешавад, ки дар Тоҷикистон раванди ошкорсозии масҷидҳои ғайрирасмӣ ва "нодуруст" идома дорад. Ба унвони мисол, моҳи гузашта шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми дидор бо фаъолони шаҳр дастур дод, ки чунин масҷидҳоро дар маҳаллаҳои шаҳр ошкор сохта, онҳоро ба коргоҳҳои дӯзандагӣ, чойхонаҳо ва боғчаҳои бачагона табдил диҳанд.

Ҳамагӣ дар Тоҷикистон расман то 4 ҳазор масҷид сабти ном шудааст. Соли гузашта садҳо масҷиди ғайрирасмӣ ба марказҳои фарҳангӣ, дармонгоҳҳо, боғчаҳои бачагона ва коргоҳи шӯрои деҳаҳо табдил дода шуданд.

XS
SM
MD
LG