Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сариев: масъалаҳои марзиро бояд аз роҳи дипломатӣ ҳал кард


Масъалаҳои марзиро бо гирдиҳамоиҳо наметавон ҳал кард ва роҳи ҳалли дипломатӣ зарур аст. Дар ин бора нахуствазир Темир Сариев дар ҷараёни сафари якрӯзаи кориаш ба вилояти Ҷалолобод гуфт.

"17-уми март президент Алмосбек Отамбоев дар ин ҷо буд ва хотираи ҳамаи кушташудагон дар ҳодисаҳои Оқсойро гиромӣ дошт. Имрӯз ман ба ин ҷо омадам ва сабабаш боз ҳам масъалаҳои марзӣ аст. Ба сабаби муноқишаҳои марзӣ ҷангҳо сар задаанд, аммо бархе ба ном ватанхоҳон ихтилофи марзиро мехоҳанд, ба суди худ истифода кунанду мардумро гумроҳ месозанд. Вале бояд дарк кард, ки аз ин роҳ масъалаҳои марзиро наметавон ҳал кард. Ман аз мардуме, ки вазъиятро дарк мекунанд, сипосгузорам", - гуфт Сариев.

Нахуствазир зикр кард, ки дар сафари кориаш мехоҳад бо нафароне вохӯрад, ки бо баҳонаи ҳалли масоили марзӣ мехоҳанд гирдиҳамоиҳо барпо кунанд.

"Дар масъалаи марзӣ баҳс ба он сабаб рух дод, ки президент ва ҳукумат ба тадбирҳои қатъӣ даст заданд. Муҳимаш он аст, ки мо бояд бо ҳама кишварҳо баробарҳуқуқ ҳарф занем. Ин ихтилоф дар марз низ ҳалли худро меёбад. Мо нақшаи ҳалли вазъи ба вуҷуд омадаро дар даст дорем, ки бо вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ҳамоҳанг шуда, аз 16 нуқта иборат аст", -хабар дод вай.

Сариев афзуд, ки аз замони пайдо шудани вазъияти баҳснок дар марзи миёни Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар сатҳи вазорати корҳои хориҷӣ корҳои зарурӣ анҷом дода мешаванд. Раҳбари ҳукумат таъкид кард, ки Қирғизистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонист ва ба гуфтушуниди баробар бо кишварҳои ҳамсоя омодааст.

"Дар ҳалли масоили марзӣ мо бояд қонунӣ рафтор кунем. Баҳона барои барпо кардани гирдиҳамоиҳо ва иқдомҳои дигар вуҷуд надорад. Масъалаҳои марзиро мо ҳал мекунем, вале барои ин кор вақт ва роҳи ҳалли дипломатӣ зарур аст. Шуморо мутмаин месозам, ки ниҳодҳои дахлдори давлатӣ сари масъалаи таъйини хати марз ва аломатгузории он кор карда истодаанд", - гуфт раҳбари ҳукумат.

XS
SM
MD
LG