Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се эронитабор дар Амрико гунаҳгор эълон шуданд


Ризо Зарроб бо хонумаш Эбрӯ Гундес, ки ситораи овозхонии Туркия мебошад.
Ризо Зарроб бо хонумаш Эбрӯ Гундес, ки ситораи овозхонии Туркия мебошад.

Се нафар эронитабор барои нодида гирифтани таҳримҳои Амрико бар зидди Эрон ба муҷозот кашонда шудаанд. Мақомоти Амрико эълон карданд, ки яке аз онҳо боздошт шудааст.

Ризо Зарроби 33 сола-соҳибкори эронитабор дар фурудгоҳи Майамӣ 19 март барои пинҳон доштани фаъолиятҳои ғайриқонунии худ боздошт шуд. Ду эронитабори дигар, яъне кормандони Зарроб бо номҳои Комила Ҷамшедӣ ва Ҳусейн Наҷафзода- корманди аршади Бонки Миллати Эрон гунаҳгор дониста шудаанд, вале дар фирор қарор доранд.

Бино ба паравандаи Амрико, Зарроб шаҳрвандии Эрон ва Туркияро дорад ва молики як силсила ширкатҳо дар Туркия ва Арабистони Саъудӣ мебошад.

Додситонҳо мегӯянд, ки ин афрод ва ҳамкорони онҳо ба арзиши садҳо миллион доллар аз номи ҳукумати Эрон, аз ҷумла Бонки Миллат амалёти бонкӣ анҷом додаанд.

Онҳо мегӯянд, ин афрод барои ин кори худ аз ширкатҳои Эрону Туркия, Имороти Муттаҳидаи Араб истифода кардаанд, то амалиёти ғайриқонунии худро анҷом диҳанд.

XS
SM
MD
LG