Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадмурод барандаи шоҳҷоизаи гуштии "Наврӯз-2016" шуд


Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, паҳлавони маъруфи тоҷик, рӯзи 22 март шоҳҷоизаи мусобиқаи гуштӣ ба муносибати иди Наврӯзро ба даст овард.

Шоҳҷоизаи мусобиқаи гуштӣ ба муносибати иди Наврӯз дар Душанберо Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, паҳлавони маъруфи тоҷик, соҳибӣ кард. Ӯ дар вазни беш аз 100 кило дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа ҳарифи худ аз ноҳияи Рӯдакиро дар муддати 15 сония мағлуб карда ва шоҳҷоиза – мошини сабукрави тамғаи "Хундай"-ро аз худ намуд.

Ин 23-юмин мошини сабукрав аст, ки паҳлавони тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов барои ғолибияташ дар мусобиқаҳои гуштӣ дар кишвар ба даст меорад.

Мусобиқаи гуштӣ субҳи сешанбеи 22 март дар "Наврӯзгоҳ"–и шаҳри Душанбе бо ҳузури беҳтарин паҳлавонони тоҷик аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон оғоз гардид. Ғолибияти Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар ин мусобиқа дар ҳолест, ки Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон умед дорад, ин паҳлавони тоҷик барои иштирок дар Олимпиадаи тобистони соли ҷории Рио-де-Жанейро роҳҳат хоҳад гирифт.

Ӯ моҳи октябри соли гузашта ҷоми раисиҷумҳури Тоҷикистон дар сеюмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдоро ба даст оварда буд. Ин сабқат бо ширкати 40 гуштигир (23 нафар аз Тоҷикистон ва 17 нафар аз кишварҳои хориҷӣ) аз 13 кишвар дар майдони тенниси Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” сурат гирифт.​

Шоҳҷоизаи мусобиқаи гуштӣ насиби Муҳаммадмурод шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00

XS
SM
MD
LG