Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду таркиш дар фурудгоҳи Белгия як кушта бар ҷой гузошт


Бино ба гузоришҳои расида аз Белгия, фурудгоҳи аслии шаҳри Бруссел баъд аз рух додани ду таркиш дар толори гусел баста шудааст.

Хабаргузории Белга аз қавли пулис гузориш додааст, ки як нафар дар ин таркиш дар фурудгоҳи Завентем кушта, чанд нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Сабаби таркиш маълум нест.

Дар гузоришҳо гуфта мешавад, ки аз ин фурудгоҳ парвозҳо анҷом дода намешаванд ва парвозҳоро ҳам қабул намекунанд. Роҳи оҳани фурудгоҳ ҳам баста шудааст. Шишаҳои терезаҳои толор рехтаанд.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки 4 рӯз пеш дар Бруссел Салоҳ Абдислом-гумонбари таркишҳои моҳи ноябри Порис боздошт шуд. Дар ин таркишҳо 130 нафар ба қатл расида буданд.

XS
SM
MD
LG