Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати мунтахаби Австралия дар бозӣ бо Тоҷикистон маълум шуд


Ангелос Постекоглу, сармураббии мунтахаби Австралия, ҳайати дастаашро дар бозӣ бо дастаҳои Тоҷикистон ва Урдун эълон кард.

Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Австралия Ангелос Постекоглу ҳайати дастаашро дар ду бозии охирини марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” муқобили тимҳои миллииТоҷикистон (24 март, Аделаида) ва Урдун (29 март, Сидней) эълон кард.

Ба ин бозиҳо Постекоглу, ки таҳти раҳбарии ӯ мунтахаби Австралия барандаи Ҷоми Осиё-2015 гардидааст, 23 бозигарро даъват кардааст. Аз онҳо 18 нафарашон легионерҳоянд, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Испания, Инглистон, Олмон, Норвегия, Чин, Имороти Муттаҳидаи Араб, Италия, Шотландия ва Ҷопон бозӣ мекунанд. Ҳамагӣ панҷ бозигар аз бошгоҳҳои футболи Австралия мебошанд.

Ҳайати мунтахаби Австралия дар бозӣ бо дастаи Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Мэтю Райан («Валенсия», Испания), Адам Федеричи («Борнмут», Инглистон), Митчелл Лангерак («Штутгарт», Олмон);

Ҳимоятгарон: Ҷейсон Герия («Мелбурн Виктори», Австралия), Алекс Гербаш («Русенборг», Норвегия), Райан Макгован («Хенан Тзяние», Чин), Марк Миллиган («Банияс», ИМА), Ҷош Рисдон («Перт Глори», Австралия), Трент Сэйнсбери («Тзянсу Сайнти», Чин), Брэд Смит («Ливерпул», Инглистон), Алекс Уилкинсон («Мелбурн Сити», Австралия), Бэйли Райт («Престон», Инглистон);

Нимҳимоятгарон: Мэтт Маккей («Брисбен», Австралия), Крис Икономидис («Салернитана», Италия), Миле Единак («Кристал Пэлас», Инглистон), Массимо Луонго («Куинз Парк Рейнҷерс», Инглистон), Аарон Муй («Мелбурн Сити», Австралия), Томми Рогич («Селтик», Шотландия);

Ҳамлагарон: Натан Бёрнс («Токио», Ҷопон), Тим Кэхилл («Ханҷоу Гринтаун», Чин), Апостолос Янну («Гуанҷоу Фули», Чин), Робби Круз («Байер 04», Олмон), Мэтю Леки («Инголштадт», Олмон).

Ёдовар мешавем, бозии даври нӯҳуми марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” миёни дастаҳои мунтахаби Австралия ва Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 24 март, дар варзишгоҳи «Аделаида Овал» соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (14:00 – ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Сардовари ин бозӣ довари ФИФА Фаҳд Ҷобир Ал-Маррии 30-сола аз Қатар мебошад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 18 бозигар дохил аст.

Ҳайати мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозӣ муқобилимунтахаби Австралия:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Хуҷанд»), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»);

Ҳимоятгарон: Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров ҳама аз «Истиқлол»), Далерҷон Тухтасунов, Манучеҳр Аҳмадов, Эраҷ Раҷабов (ҳама аз «Хуҷанд»);

Нимҳимоятгарон: Хуршед Маҳмудов («Барқчӣ»), Нуриддин Давронов, Фаридун Шарифов, Ҷаҳонгир Алиев, Дилшод Восиев (ҳама аз «Истиқлол»), Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Комил Саидов («Барқчӣ»), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир»).

Баъди натиҷагирии даври ҳаштуми мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи «В» мунтахаби Австралия, қаҳрамони феълии Осиё, бо 15 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Урдун бо 13 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Мунтахаби Қирғизистон бо 11 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон бо 5 имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Мунтахаби Бангладеш бо як имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудааст.

Мунтахаби Австралия новобаста аз натоиҷи ду бозии охиринаш дар майдони худ бо дастаҳои Тоҷикистону Урдун пешакӣ ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Барои роҳхати дувум аз гурӯҳи “В” мунтахаби Урдун муддаии аслист. Ба футболбозони Урдун дар дубозии боқимонда дар майдони худ бо Бангладеш ва дар меҳмонӣ бо Австралия як пирӯзӣ ба даст оврдан кофист.

Ду бозии охиринро мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Австралия 24 март дар меҳмонӣ ва бо дастаи Қирғизистон 29 март дар Душанбе анҷом медиҳад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “В”:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

Австралия

6

5

0

1

17-3

15

2.

Урдун

6

4

1

1

12-2

13

3.

Қирғизистон

7

3

2

2

9-8

11

4.

Тоҷикистон

6

1

2

3

9-12

5

5.

Бангладеш

7

0

1

6

2-24

1

ҶҶ-2018. Сабқати интихобӣ. Марҳилаи дувум

Гурӯҳи «В»

Даври 9-ум

24 март (панҷшанбе)

Австралия - Тоҷикистон

Урдун — Бангладеш

Даври 10-ум

29 март (сешанбе)

Тоҷикистон - Қирғизистон

Австралия — Урдун

XS
SM
MD
LG