Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайати FIFA ё Федератсияи Байналмилалии Футбол ба Федератсияи Футболи Тоҷикистон барои иҷрои стратегияи дарозмуддати рушди футбол тавсияҳоеро ироа кардааст. Ин иқдом дар пайи сафари панҷрӯза ва дидору гуфтугӯҳои ҳайати FIFA дар раъси Майк Пфистер, як масъули ин созмон ба Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Масъулони дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 22 март ба Озодӣ гуфтанд, ки “сафари ин ҳайат ба таърихи 17 то 21 март ва бо ҳадафи баррасии стратегияи дарозмуддати рушди Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷараён гирифт”.

Ба иттилои онҳо, Пфистер ҳангоми дидораш таъкид кардааст, ки “Федератсияи футболи Тоҷикистон ду соли пеш ба барномаи рушди футболи FIFA шомил гардид. Муддати ду сол лоиҳаҳои зиёде дар Тоҷикистон амалӣ гардидаанд. Ҳатто сохтори нави Федератсияи футболи Тоҷикистон ташкил карда шуда ва умури мудирият беҳбуд ёфта ва департаменти маркетинг ҳам таъсис ёфт”.

Ба гуфтаи ин масъули FIFA, “ҳадафи ин созмон рушди футбол дар Тоҷикистон аст ва ба ин хотир нақшаи амал барои чор соли оянда барномарезӣ гардидааст. Ҳамаи ин барои рушди футбол дар Тоҷикистон кумак хоҳад кард”.

Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон низ дар навбати худ аз кумаки амалии FIFA барои рушди футболи кишвар қадрдонӣ карда ва “иҷрои бомуваффақонаи барнома ва лоиҳаҳои FIFA дар Тоҷикистонро омили мусоидат дар такмили фаъолияти ояндаи ФФТ” арзёбӣ кардааст.

Талошҳои Федератсияи Байналмилалии Футбол – FIFA барои рушди футбол дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ду соли пеш низ ҳукумати Тоҷикистон Барномаи рушди футбол дар Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2016 –ро баррасӣ кард.

Барномаи мазкур дар асоси супориши президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо варзишгарони кишвар, ки 20-уми декабри соли 2010 баргузор шуда буд, таҳия, қабул ва мавриди татбиқ қарор гирифтааст.

Дар давраи татбиқи барнома дар ҷумҳурӣ 19 варзишгоҳ ва 100 майдони гуногуни футбол бунёд ёфта, таваҷҷуҳ ба ин бахши варзиш афзун гардид. Дар 103 мактаби варзишии кишвар 603 гурӯҳи футбол ташкил шудааст, ки ба онҳо 5756 футболбоз ва 261 мураббӣ шомил мебошанд. Фаъолияти 5 мактаби махсуси футбол ва Академияи футбол низ назаррас номида шуд.

Ҳоло Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонии ФИФА миёни 209 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 150-ум ва дар байни 46 кишвари Осиё бошад, дар ҷойи 26-ум қарор дорад.

Дар зимн, соли 2014 дар Тоҷикистон Соли футболи оммавӣ эълон шуда буд ва дар маросими ифтитоҳи Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон Йозеф Блаттер, раиси ФИФА (Федератсияи Байналмилалии Футбол), ширкат дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG