Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баргузории мусобиқаи гуштии наврӯзӣ


Рӯзи 22 март дар “Наврӯзгоҳ”-и Душанбе ба муносибати ҷашни “Наврӯз” мусобиқаи гуштӣ баргузор мешавад. Масъулони шаҳрдории Душанбе дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфтанд, ки “мусобиқа бо иштироки беҳтарин гуштигирони дохил ва хориҷи Тоҷикистон соати 10:00 доир мешавад.”

Ин дар ҳолест, ки аз субҳ боз роҳҳои вурудӣ ба “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт тавассути пулис назорат шуда ва аз ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷилавгирӣ мешавад. Шаҳрдории Душанбе дар Наврӯзи имсола ба беҳтарин паҳлавонони мусобиқаи гуштии наврӯзӣ мошини сабукрав ва дигар тӯҳфаҳо тақдим мекунад.

Гуштигирӣ, аз бозиҳои қадимӣ ва ҳамзамон наврӯзӣ маҳсуб меёбад, ки дар айёми Наврӯз дар ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон ҷараён мегирад.

XS
SM
MD
LG