Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии кулли Русия рӯзи 21 март хабар дод, ки шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон Равшан Ахмедов ба Душанбе истирдод шудааст. Равшан Ахмедов, ки моҳи майи соли 2015 дар шаҳри Маскав дастгир шуд, дар Тоҷикистон ба гаравгонгирӣ бо истифода аз силоҳ, ғоратгарӣ ва тамаъҷӯӣ айбдор мешавад. Ахмедов ба он айбдор мешавад, ки дар моҳи октябри соли 2014 ҳамроҳ бо шариконаш ба як ҳамватани худ ҳамла карда, молу ашёи ӯро ба маблағи 13 ҳазор рубл рабудаанд. Худи ҳамон рӯз онҳо ин мардро гаравгон гирифта, аз ҷабрдида ва ҳамсару бародараш пул талаб кардаанд. Дар натиҷа Ахмедов ва шариконаш мошинҳои ин шаҳрванди Тоҷикистон ва бародари ӯро ба даст оварда, ҳамчунин дар ивази раҳоияш 84 000 рубл, беш аз 14 ҳазор доллар ва 2 ҳазор сомонӣ гирифтаанд.

Додситонии кулли Русия мегӯяд, бар асоси натиҷаҳои тафтиши ин қазия аз сӯи додситонии Маскав ҷиҳати истирдоди Равшан Ахмедов ба Тоҷикистон қарор қабул кардааст.

XS
SM
MD
LG