Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия хостори гуфтӯгуи фаврӣ бо Амрико шуд


Артиши Русия хостааст, мақомоти ин кишвар ва Амрико дар бораи шеваи иҷрои созиши оташбас дар Сурия фавран гуфтӯгу кунанд. Ситоди марказии кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия гуфт, “таъхир дар иҷрои созиш ва шеваи вокуниш ба нақзи оташбас дар Сурия ғайриқобили қабул аст.” Дар ин баёния аз рӯзи 21-уми март омадааст, “Ҳар рӯз дар Сурия дар натиҷаи амалҳои иғвобарангезона ва тирандозӣ мардумони бегуноҳ кушта мешаванд.” Дар ин баёния омадааст, агар Русия посухе ба дархосташ нагирад, сар аз 22-уми март якҷониба амал мекунад. Созиши оташбас, ки аз рӯзи 27-уми феврал ба иҷро даромад, хусумату ҷангро дар Сурия ба таври чашмгир коҳиш додааст. Гурӯҳи ифротгарои Давлати исломӣ, Ал-қоида ва Ҷабҳатул Нусра дар созиш ҳамроҳ нестанд. Ҳафтаи гузашта Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия амр дод, ки қисме аз нерӯҳои кишварашро аз Сурия хориҷ кунанд, вале гуфт, ҳамлаҳо ба зидди гурӯҳи Давлати исломӣ ва Ҷабҳаи Нусра идома меёбад.

XS
SM
MD
LG