Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳияи ҷилди 2-и "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ"


Таҳияи ҷилди дувуми “Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ” аз сар гирифта шудааст. Ҷилди аввали ин китоб соли 2010 ҳанӯз ба чоп нарасида бо вокунишҳои тунди бархе аз забоншиносон рӯбарӯ шуда ва нашраш мутаваффиқ гардид.

Сайфиддин Назарзода, раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва роҳбари ҳайати муҳаққиқони “Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ”, 21 март дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ҷилди аввали ин китоб соли гузашта рӯи чоп омада, ҷилди дувумаш низ дар остонаи таҷлил аз 25-солагии истиқлол ба дасти хонандаҳо хоҳад расид. Ӯ гуфт, ки “ҳукумати Тоҷикистон барои таҳияи пурраи “Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ” ҳудуди 450 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст.”

Назарзода мегӯяд, ин фарҳанги забони тоҷикӣ аз 12 ҷилд иборат хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG