Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Заминларзаи 4,4-баллӣ дар шарқи Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Субҳи 21 март дар шарқи Тоҷикистон заминларза рух додааст. Маркази зилзиланигории Аврупову баҳри Миёназамин қудрати ин офати табииро тибқи ҷадвали Рихтер 4,4 балл баровард кардааст. Ба маълумоти ин ниҳод, заминларза соати 10:32 ба вақти маҳаллӣ рух дода, марказаш дар 311-километрии шарқи Душанбе ва 67-километрии шимолушарқи шаҳри Хоруғ ҷойгир шудааст. Дар бораи кадом хисороте бар асари ин офати табиӣ гузориш нашудааст.

XS
SM
MD
LG