Пайвандҳои дастрасӣ

Ихроҷи 34 лӯлӣ ба Тоҷикистону Узбакистон


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Хадамоти приставҳои вилояти Челябински Русия ҳафтаи гузашта 34 нафар, бо шумули 10 кӯдакро ба кишварҳои зодгоҳашон – Тоҷикистону Узбакистон ихроҷ кардаанд. Ин гурӯҳи муҳоҷирон, ба гуфтаи мақомоти муҳоҷират ва пулиси Русия, дар яке аз партовгоҳҳои шаҳри Челябинск барои худ “манзили зист” дуруст карда буданд. Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, ки ин боздоштшудаҳо лӯлиҳоянд ва дар Русия асосан ба талбандагӣ машғул будаанд.

13 тан аз ин гурӯҳро рӯзи 16 март ба Узбакистон ва 21 тани дигар, бо шумули 10 кӯдакро рӯзе баъд ба Тоҷикистон фиристодаанд. Ҳамаи онҳо ба вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия гунаҳкор шуда, барои 5 соли оянда аз ҳаққи бозгашт ба ин кишвар маҳрум шудаанд.

XS
SM
MD
LG