Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи сафари таърихии Обама дар Куба


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 20-уми март сафари таърихиаш ба Кубаро шурӯъ кард ва нахустин раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида шуд, ки баъди 88 сол ба он кишвар рафт. Сафари Барак Обама ба шаҳри Ҳавана, пойтахти Куба баъд аз 15 моҳи тағйири сиёсати Амрико нисбат ба Куба сурат гирифт. Ӯро дар фурудгоҳ Бруно Родригес Парилла, вазири умури хориҷии Куба пешвоз гирифт.

Барак Обама аввал бо кормандони сафорати тоза ифтитоҳшудаи Амрико дар Ҳавана мулоқот кард ва гуфт, сафараш "фурсати таърихӣ барои муколамаи мустақим бо мардуми Куба аст." Интизор меравад, Барак Обама бо Раул Кастро, раиси ҷумҳури Куба ва сиёсатмадорони дигарандеш мулоқот кунад.

Чанд соат қабл аз вуруди Барак Обама ба Ҳавана, маъмурони пулис тазоҳуроти дигарандешонро пароканда ва 50 нафарро дастгир карданд. Соли 2014 баъди гуфтӯгуи телефонии Барак Обама бо раиси ҷумҳури Куба ду тараф муносиботи дипломатиашонро барқарор карданд, чанд қарордоди ҳамкорӣ бастанд, вале айни замон таҳримоти 54-солаи иқтисодии Амрико ба зидди Куба ҳамчунон боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG