Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куриёи Шимолӣ мушаки кӯтоҳбурд партоб кард


Бино ба гузоришҳо, Куриёи Шимолӣ дар шарқи нимҷазираи Куриё 5 мушаки кутоҳбурд партоб кардааст. Дар ин бора хабаргузории Ёнҳапи Куриёи Ҷанубӣ бо такя ба ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар рӯзи 21-уми март хабар дод. Се рӯз пештар аз ин Куриёи Шимолӣ ду мушаки миёнбурдро озмоиш кард, амале, ки Шӯрои Амнияти Созмони Милал, нақзи ғайриқобили қабули қатъномаҳои созмон номид. Аз рӯзи оғози размоишҳои муштараки Куриёи Ҷанубӣ ва Амрико дар рӯзи 10-уми март, режими Куриёи Шимолӣ се дафъа мушак партоб карда ва гуфтааст, ки размоиши Амрикову Куриёи Ҷанубӣ машқи таҷовуз ба қаламрави он кишвар аст. Аввали ҳамин моҳ Шӯрои Амнияти Созмони ва Амрико барои озмоиши атомӣ дар моҳи январ ва партоби мушаки дурбурд дар моҳи феврал ба зидди Куриёи Шимолӣ таҳримоти нав эъмол карданд.

XS
SM
MD
LG