Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Надя Савченкоро гунаҳкор эълон карданд


Додгоҳи шаҳри Донетски Русия рӯзи 21-уми март гуфт, Надя Савченко, халабони украинӣ дар қатли ду хабарнигори рус даст дорад. Надя Савченкоро ба даст доштан дар қатли хабарнигорон дар шарқи Украина дар соли 2014 муттаҳам мекунанд, вале худаш ин иддаоро рад кардааст. Додситонҳо хостаанд, ки халабони украинӣ ба 23 соли зиндон маҳкум шавад. Парвандаи Надя Савченко хашми мардуми Украина ва дигар ҷойҳоро барангехт, чун муҳокимаро сохта мешуморанд. Халабони украинӣ аз замони шурӯъи муҳокимааш дар моҳи сентябр соли 2015 ҳамчунон худро бегуноҳ хонда ва як дафъа ба нишони эътироз аз боздошташ гуруснанишинӣ кардааст. Халабони украинӣ мегӯяд, ӯро ҳангоми ҷанг бо ҷудоиталабони рус дар шарқи Украина дар соли 2014 боздошт карда ва ғайриқонунӣ ба Русия оварданд. Ба гуфтаи додситонҳо, Надия Савченко ба ҳайси ҳамоҳангсози ҳамла бо минамёт амал кардааст, ки дар натиҷаи он ду хабарнигори рус кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG