Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот гуфтанд, Ҳизби Нуротан пирӯз шуд


Мақомоти интихоботии Қазоқистон мегӯянд, ҳизби Нуротани раиси ҷумҳур Нурсултон Назарбоев дар интихоботи порлумонии рӯзи 20-уми март бештар аз 82 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст. Бар асоси натиҷаҳои муқаддамотӣ, аҳзоби муттафиқи Нуротан, Ҳизби коммунист ва Ҳизби Ақжол садди 7 дарсадиро гузаштанд ва дар порлумони Қазоқистон соҳиби курсӣ шуданд. Акнун дар маҷлиси дорои 107 курсӣ мисли пештара се ҳизб соҳиби намоянда мешаванд. Ба гуфтаи мақомот, дар интихобот 77.1 дар сади раъйдиҳандагон ширкат кардаанд. Нозирони байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ гуфтаанд, аз замони истиқлол аз соли 1991 то кунун ҳеҷ яке аз интихоботҳои Қазоқистон шаффофу одилона сурат нагирифтааст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 20-уми март гузориш доданд, ки дар ҷараёни интихобот пур кардани қуттиҳо ва раъйдиҳӣ аз тарафи тамоми аъзои оила мушоҳида мешуд.

XS
SM
MD
LG