Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози тантанаҳои наврӯзӣ дар Тоҷикистон


Барои таҷлил аз Наврӯзи имсола дар Тоҷикистон чаҳор рӯз таътил эълон шудааст.

Субҳи 21 март тантанаҳои наврӯзӣ дар сартосари Тоҷикистон оғоз ёфтанд. Хабарнигорони Озодӣ дар манотиқи кишвар мегӯянд, ки имрӯз аксари сокинон ба хиёбонҳову боғҳои фароғатӣ баромада, хурсандӣ мекунанд ва дар баъзе аз маҳалҳо маҳфилҳои наврӯзӣ ҷараён дорад.

Барномаҳои наврӯзӣ дар пойтахти Тоҷикистон рӯзи 21 март аз як барномаи рангин дар "Наврӯзгоҳ" бо ҳузури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт. Таҷлил Наврӯз рӯзи 22 март низ бо сайругашти оммавии идона дар сатҳи ноҳияҳои шаҳри Душанбе идома хоҳад кард.

Таҷлил аз Наврӯз дар Хуҷанд:

Рӯзи 23 март дар боғҳои фарҳангу фароғатии Дӯстии халқҳо, Боғи Устод Рӯдакӣ, Кӯли ҷавонон ва майдони 800-солагии Маскав низ чорабиниҳои наврӯзӣ доир мешаванд. Шаҳрдории Душанбе дар Наврӯзи имсола ба беҳтарин паҳлавонони мусобиқаи гуштии наврӯзӣ мошини сабукрав ва ба ғолиби пойгаи аспдавонӣ аспи зоти тоҷикӣ тақдим хоҳад кард.

Қисми аввали барномаи наврӯзии Озодӣ:

Наврӯзи Озодӣ. Қисми 1
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:29:57 0:00

Дар Тоҷикистон барои таҷлил аз Наврӯз чор рӯз таътил эълон шудааст ва раисиҷумуҳр Эмомалӣ Раҳмон низ дар ҷараёни сӯҳбаташ дар ҳамоиши шоирони ҳавзаи Наврӯз гуфт, ки ин ҷашн то 24 март идома хоҳад кард.

Наврӯз дар Тоҷикистон баъд аз касби истиқлолияти давлатӣ ҷойгоҳ ва мақоми муносиби худро ба даст овард ва аз як ҷашни мардумӣ то ба ҷашни давлатӣ эътироф гардид. Ҳамакнун барои таҷлил аз ин ҷашни суннатӣ дар тақвими Тоҷикистон чаҳор рӯз расман истироҳат эълон шудааст.

Дар моҳи сентябри соли 2009 ЮНЕСКО - муассисаи илмиву фарҳангии Созмони Милал Наврӯзро дар феҳристи мероси фарҳанги башарӣ ворид ва дар моҳи феврали соли 2010 Маҷмаи умумии СММ дар иҷлоси 64-уми худ қарореро ба тасвиб расонид, ки минбаъд 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалӣ Наврӯз таҷлил мешавад.

Қисми дувуми барномаи наврӯзии Озодӣ:

Наврӯзи Озодӣ. Қисми 2
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:22:08 0:00

XS
SM
MD
LG