Пайвандҳои дастрасӣ

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бегоҳи якшанбеи 20 март ба Аделаидаи Австралия расид.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ки тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе-Дубай-Аделаида парвоз карда буд, баъди як шабонарӯз, бегоҳи якшанбеи 20 март, ба Аделаидаи Австралия расид. Футболбозони тоҷик чаҳор рӯз пеш аз бозии даври нӯҳуми марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” муқобили мунтахаби Австралия ба Аделаида омаданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мизбонон дастаи мунтахабро дар меҳмонхонаи «Crowne Plaza» ҷойгир карданд. Дастаи Тоҷикистон бояд ба муҳити он ҷо мувофиқ шавад. Фарқи вақти Аделаида ва Душанбе 5,5 соатро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, бозии даври нӯҳуми марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” миёни дастаҳои мунтахаби Австралия ва Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 24 март, дар варзишгоҳи «Аделаида Овал» соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (14:00 – ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Сардовари ин бозӣ довари ФИФА Фаҳд Ҷобир Ал-Маррии 30-сола аз Қатар мебошад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 18 бозигар дохил аст.

Ҳайати мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозӣ муқобилимунтахаби Австралия:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Хуҷанд»), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»);

Ҳимоятгарон: Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров ҳама аз «Истиқлол»), Далерҷон Тухтасунов, Манучеҳр Аҳмадов, Эраҷ Раҷабов (ҳама аз «Хуҷанд»);

Нимҳимоятгарон: Хуршед Маҳмудов («Барқчӣ»), Нуриддин Давронов, Фаридун Шарифов, Ҷаҳонгир Алиев, Дилшод Восиев (ҳама аз «Истиқлол»), Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Комил Саидов («Барқчӣ»), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир»).

Баъди натиҷагирии даври ҳаштуми мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи «В» мунтахаби Австралия, қаҳрамони феълии Осиё, бо 15 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Урдун бо 13 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Мунтахаби Қирғизистон бо 11 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон бо 5 имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Мунтахаби Бангладеш бо як имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудааст.

Мунтахаби Австралия новобаста аз натоиҷи ду бозии охиринаш дар майдони худ бо дастаҳои Тоҷикистону Урдун пешакӣ ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Барои роҳхати дувум аз гурӯҳи “В” мунтахаби Урдун муддаии аслист. Ба футболбозони Урдун дар ду бозии боқимонда дар майдони худ бо Бангладеш ва дар меҳмонӣ бо Австралия як пирӯзӣ ба даст оврдан кофист.

Ду бозии охиринро мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Австралия 24 март дар меҳмонӣ ва бо дастаи Қирғизистон 29 март дар Душанбе анҷом медиҳад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “В”:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

Австралия

6

5

0

1

17-3

15

2.

Урдун

6

4

1

1

12-2

13

3.

Қирғизистон

7

3

2

2

9-8

11

4.

Тоҷикистон

6

1

2

3

9-12

5

5.

Бангладеш

7

0

1

6

2-24

1

ҶҶ-2018. Сабқати интихобӣ. Марҳилаи дувум:

Гурӯҳи «В»

Даври 9-ум

24 март (панҷшанбе)

Австралия - Тоҷикистон

Урдун — Бангладеш

Даври 10-ум

29 март (сешанбе)

Тоҷикистон - Қирғизистон

Австралия — Урдун

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG