Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои афғонаш Муҳаммад Ашраф Ғанӣ сӯҳбати телефонӣ анҷом додааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ин гуфтугӯи телефонӣ нимаи дувуми рӯзи якшанбеи 20-уми март бо дархости ҷониби Афғонистон сурат гирифтааст. Ба гуфтаи манбаъ, ҳангоми сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ роҷеъ ба дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар ва масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намудаанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамтои афғонашро ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва ва иштирок дар маросими ифтитоҳи корҳои сохтмонӣ дар тарҳиКАСА-1000 даъват кардааст. Манбаъ мегӯяд, ки раисҷумҳури Афғонистон ин даъватро пазируфтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG