Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қазоқистон интихоботи пеш аз муҳлат баргузор шуд


Дар Қазоқистон интихоботи парлумонӣ баргузор шуд ва интизор меравад, ки ҳизби ҳоким назорати худ бар маҷлиси поёнии парлумонро нигоҳ дорад.

Рӯзи якшанбеи 20-уми март дар Қазоқистон интихоботи парлумонӣ доир шуд ва интизор меравад, ки ҳизби ҳоким аксарияти курсиҳоро ба даст орад. Дар саросари Қазоқистон 9800 қитъаи раъйдиҳӣ ташкил шудааст ва натиҷаҳои интихобот рӯзҳои баъд эълон хоҳад шуд. Маҷлиси поёнии парлумони Қазоқистон дорои 107 курсӣ мебошад ва рақобати шадид барои ишғоли ин курсиҳо мушоҳида намешавад.

Коршиносон мегӯянд, ки таваҷҷуҳи аслӣ дар ин интихобот ба Дариға Назарбоева, духтари раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев ҷалб шудааст, чун вай муовини нахуствазир аст ва ҳамзамон номаш дар феҳристи интихоботии ҳизб низ омадааст. Агар вай сохтори ҳукуматиро тарк кунад, мумкин аст раиси парлумон интихоб шавад. Ин мақом мавқеи вайро барои ҷойгузин шудан ба ҷои падари 75-солааш қавитар мекунад.

Назарбоев аз соли 1989 раҳбари ин кишвар аст ва гуногунандешӣ ё ихтилофи назарҳоро чандон таҳаммул надорад. Вай моҳи январ даъват кард, ки дар кишвараш интихоботи зудраси парлумонӣ баргузор шавад, бо назардошти ин? ки шояд дар давоми сол вазъи иқтисодӣ бадтар шавад.

Тибқи гузоришҳои расида, Комиссияи марказии интихобот эълон кардаст, ки дар соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ, ширкати раъйдиҳандагон дар интихобот 70 дарсадро ташкил додааст. Ин бад-он маъност, ки интихобот баргузоршуда дониста мешавад.

Хабаргузориҳо ҳамчунин дар бораи қонуншиканиҳо дар интихобот гузориш додаанд. Созмони “Лига молодых избирателей” навори видеоиро ба нашр расондааст, ки як шахси ношинос ба қуттии раъйдиҳӣ наздик мешавад ва як даста баргаи раъйро ба он меандозад ва меравад.

Ин наворро дар Facebook Ирина Медникова, раиси созмони мазкур ҷой додааст. Дар зери он навишта шудааст, ки наворро аз қитъаи интихоботии коллеҷи Фарҳангистони миллии санъати Қазоқистон бардоштаанд. Медникова дар сӯҳбат бо хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ низ гуфтааст, ки муаллифони навор шахси қонуншиканро медонанд, вале ҳоло намехоҳанд номи вайро ошкор кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Мариетта Тидеӣ, раҳбари ҳайати нозирони САҲА-БДИПЧ ва Гейр Йорген Беккеволд, намояндаи парлумони Норвегия ва нозири байналмиллалӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки хулосаҳои ибтидоии ҳайати нозиронро дар бораи наҳваи баргузории интихоботи зудрас рӯзи душанбе, 21 март дар ҷараёни нишасти хабарие дар Остона дар ихтиёри расонаҳои хабарӣ хоҳанд гузошт. Ҳайати нозирони САҲА дар ин интихобот бештар аз 300 нафарро ташкил медиҳад.

Аз сӯи дигар, дар рӯзи баргузории интихобот аз Алма-ато хабар мерасад, ки гӯё баъзе шахсон дар як қитъаи раъйдиҳӣ дар шаҳри Алмаато мина гузоштаанд. Марат Демеуов, муовини вазири корҳои дохилаи Қазоқистон хабар додааст, ки дар мактаби шумораи 78-и Алма-ато, ки қитъаҳои итихоботии 428 ва 429 дар он ҷойгиранд, таҷҳизоти тарканда гузоштаанд ва дар робита бо он 3 нафар бозошт шудаанд. Дар дақиқаҳои аввали тафтиш ва ҷустуҷӯи таҷҳизоти тарканда ҳамаи кормандони ҳавза ва раъйдиҳандагонро аз бино берун бурдаанд. Дар бораи гузоштани чунин мавод гӯё касе аз берун бидуни ном бурдан аз худ, телефонӣ хабар додааст.

Нурсултон Назарбоев баргузории интихоботи зудраси парлумониро дар аввали сол ба вазъи иқтисодии кишвар иртибот дод. Вале баъд аз изҳороти вай аз моҳи январ то ҳол нархи як бушка нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ аз 30 доллар то ба 40 доллар боло рафтааст. Танга-пули миллии Қазоқистон, ки нисфи арзиши худро дар давоми панҷ моҳ дар баробари доллар аз даст дода буд, акнун то даҳ дарсад боло рафтааст.

XS
SM
MD
LG