Пайвандҳои дастрасӣ

Бозрасон дар шаҳри Ростови лаби Дон сабабҳои суқути ҳавопаймои Дубайро таҳқиқ мекунанд. Ҳавопаймои мусофирбари Дубай 19 март ҳангоми талоши нишастан ба замин дар фурудгоҳи Ростови лаби Дон ба фоҷеа дучор шуд.

20 март Максим Соколов-вазири нақлиёти Русия гуфт, ки кормандони ҳолатҳои фавқулодда амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотро дар маҳали ҳодиса ба охир расондаанд.

Бозрасон таъйид кардаанд, ки 55 мусофир ва 7 халабон дар ин фоҷеа ҷон бохтаанд. Акнун онҳо парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва таҳқиқ хоҳанд кард, ки сабаби суқути ҳавопаймо чӣ будааст- мушкили фаннӣ, ҳавои бад ё иштибоҳи халабонон.

Масоҳати ҷустуҷӯро то ба 15 ҳектор тавсеа додаанд. Ду ҷаъбаи сиёҳи ҳавопаймо барои омӯзиш ба Маскав интиқол дода шудааст. Мақомоти интизомӣ ҳамчунин бо истифода аз DNA ба шиносоӣ кардани ҷасадҳо оғоз кардаанд. Онҳо дар ин кор намунаҳои бадани хешовандони фавтидагонро истифода хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG