Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истифодаи смартфон дар биноҳои ҳукуматӣ мамнуъ шуд


Қазоқистон смартфонҳоро дар биноҳои ҳукуматӣ мамнуъ эълон кардааст ва ба ин тартиб талош дорад аз берун рафтани маълумотпешгирӣ кунад. Санаде, ки ифшо шудааст, дар ин бора гувоҳӣ медиҳад.

Ин ёддошти ҳукумат дастраси матбуот шудааст ва дар он гуфта мешавад, ки аз 24 март кормандони расмӣ ва меҳмононе, ки вориди биноҳои ҳукуматӣ мешаванд, бояд смартфонҳои худро дар даромадгоҳи бино супоранд.

Дар ин санад намунаҳое овардаанд, ки беш аз пеш маълумоти маҳрам тавассути WhatsApp ва дигар барномаҳои смартфон ба берун роҳ ёфтаанд.

Дар санад ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар дохили бинои ҳукуматӣ танҳо аз телефонҳои маъмулӣ, ки камера надоранд ва бо интернет пайваст намешаванд, иҷоза дода мешавалд ва қобили истифода аст.

Мурод Абенов-вазири пешини маориф гуфтааст, акнун одамон смартфонҳоро дар ҷӯробҳояшон пинҳон мекунанд. Ҳукумати Қазоқистон дар бораи санади ифшошуда тавзеҳот надодааст.

XS
SM
MD
LG