Пайвандҳои дастрасӣ

Табрикоти Барак Обама ба муносибати фарорасии Наврӯз


Барак Обама ҳангоми табрикоти наврӯзӣ

Барак Обама ҳангоми табрикоти наврӯзӣ

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ба муносибати фарорасии Наврӯз ба мардуми кишварҳои ҳавзаи Наврӯз паёми шодбош фиристод. Вай дар ин паём ба дидори анқариби худ аз Куба ишора кард ва ишора кард, ки ҳамин гуна таҷдиди назар дар робитаи миёни Эрону Амрико низ имконпазир аст.

Обама дар ин паёми видеоӣ табрикоташро бо суханони форсии “Наврӯз муборак” оғоз кард. Дар даврони раёсати ҷумҳурии Обама чунин суханронӣ дар Кохи Сафед ба як анъана даромад.

Вай гуфт, “ҳатто пас аз “даҳаҳои беэътимодӣ” миёни душманони қадимӣ дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам мумкин аст, ки роҳи нав миёни онҳо боз шуда ва бо якдигар робитаи тозаро оғоз кунанд.

Ин паёми наврӯзии худро Барак Обама рӯзи шанбе дар ҳоле пахш кард, ки 20 март дар нимаи дуввуми рӯз аз Гавана-пойтахти Куба боздид мекунад. Вай изҳор дошт, ки чанд моҳ пеш ҳамин боздидаш аз Куба “боварнакарданӣ менамуд”. Дар 80 соли охир ин нахустин сафари раиси ҷумҳури Амрико аз Куба хоҳад буд.

Обама дар ин паём гуфт, Эрон акнун фурсати бозгашт ба иқтисоди ҷаҳониро дорад, ки ин ба маънии тиҷорат ва сармоягузории бештар дар ин кишвар ва дастрасӣ ба фановариҳои навин аст.

XS
SM
MD
LG