Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду раҳбари Эрон ва ду ақидаи мухталиф роҷеъ ба рушд


Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ

Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ

Ду раҳбари қудратманди Эрон 20 март дар суханрониҳои худ дар фарорасии Наврӯз, яъне Соли Нав роҷеъ ба дурнамои иқтисоди ин кишвар нуқтаи назарҳои муқобили якдигар изҳор доштанд.

Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ -раҳбари рӯҳонии Эрон даъват кард, ки кишвар ба нируи худ такя кунад, вале Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳур гуфт, ки ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар омили калидии рушди иқтисод мебошад.

Хоманеӣ гуфт, сармоягузориҳои хориҷӣ танҳо дар сурате метавонад кӯмак кунад, ки агар он барои рушди саноати дохилӣ истифода шавад.

Дар паёми ҷудогона, ки Рӯҳонӣ билофосила баъд аз пахши суханронии Хоманеӣ сӯҳбат кард, изҳор дошт, ки бо ҳамкориву талошҳо дар дохили кишвар ва ҳамкориҳои созанда бо ҷаҳон иқтисоди мо шукуфо мешавад ва рушд мекунад.

Ҳамаи таҳримҳои байналмиллалӣ, ки барои барномаҳои ҳастаии Эрон ба ин кишвар ҷорӣ шуда буд, бар асоси тавофуқоти таърихии Теҳрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ моҳи январ лағв гардид

XS
SM
MD
LG