Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон: "Мардумро намешавад маҷбурӣ ба театр бурд!"


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 20-уми март зимни мулоқот бо зиёни кишвар гуфт, ки Наврӯз як ҷашни фарҳангист ва ба ҳеҷ дину мазҳаб рабт надорад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи якшанбеи 20-уми март зимни суханронӣ дар мулоқот бо зиёиён ва меҳмонони Ҳамоиши байналмилалии ҳавзаи Наврӯз гуфт, Наврӯз як ҷашни фарҳангист, ки аз ҳазорсолаҳо ба ин тараф аз сӯи мардумони нажоду миллат ва дину мазҳабҳои мухталиф, таҷлил мегардад.

Ин суханони раисҷумҳур дар ҳолест, ки як идда аз рӯҳониён дар Тоҷикистон андешаҳоеро баён медоранд, ки Наврӯз оини қабл аз исломӣ аст ва пайравони дини Ислом набояд аз ин ҷашн таҷлил кунанд.

Дар идомаи суханронӣ раисҷумҳур ба мавзӯи таълифи асарҳои тозаи адабӣ ва саҳнавӣ дахл карда гуфт, ормода аст аз фонди махсуси худ барои нашри китобҳои нав пул ҷудо кунад, аммо сифати асарҳо бояд баланд бошад.

Вай афзуд: “Эҷод кунед! Чоп карданаш тани мо! Аммо чунин бояд асар эҷод кард, ки мардум кобанд, ҷӯянд... мардумро маҷбур китоб хар гуфта намешавад. Мардумро ба театр ҳам маҷбур бурда намешавад дигар. Намоишнома бояд тарзе омода шавад, ки мардумро ҷалб кунад. Баъзе аз ходимони театр ҳоло гила мекунанд, ки театрҳо холӣ ҳастанд. Театр холӣ нест, мо холӣ ҳастем!”.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз таҷрибаи баргузор кардани шоми эҷодии адибону нависандагони тоҷик дар арафаи ҷашни Наврӯз ситоиш карда гуфт, ин гуна ҳамоишҳо завқи мардум, хосатан ҷавононро ба аз худ кардани шеъру адабиётро бештар мекунад: “Ҳатто набераҳои хурдсоли ман шомгоҳон ба назди ман меоянд, ки бобоҷон ман шеър аз ёд кардам. Ман онҳо қатор мекунам ва мегӯям: Кадоматон шеъри бо мазмун қироат кунед, туҳфа медиҳам, набошад не”.

Раисҷумҳур дар идомаи суханронӣ аз нақши адабиёт дар тарбияи ҷомеа ёдовар шуда гуфт, дар ҷое, ки шеър шоир ва нависанда нест, одамон ба дарандагон табдил меёбанд.

Мулоқоти зиёиёни кишвар бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон ин бор дар Кохи Борбади Душанбе бо ширкати адибони ҳавзаи кишварҳои форсзабон

баргузор шуд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар он ба иловаи аҳли зиёи кишвар, ҳамчунин намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва меҳмонони Ҳамоиши байналмилилии адибони ҳавзаи Наврӯз, ширкат доштанд.

Дар ҳамин ҳол, Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон мегӯяд, ҳудуди 60 нафар меҳмонони хориҷӣ аз Эрон, Афғонистон, Фаронса, Ҳоланд, Амрико, Русия, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва аз дигар кишварҳо ҷиҳати ширкат дар Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз, ба Душанбе омадаанд.

Гулрухсор Сафиева адибаи тоҷик дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, даъват кардани адибон аз кишварҳои ҳамзабон, ки онҳо аз Наврӯз таҷлил мекунанд, пешниҳоди ӯ буд, ки соли гузашта дар мулоқот бо зиёиён баён дошт.

Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо зиёиён дар чанд соли ахир дар остонаи иди миллии Наврӯз ба ҳукми анъана даромада ва ҳар соли ин мулоқот бо шукӯҳу шаҳомат баргузор мешавад. Мулоқоти соли 2014-и раиси ҷумҳур бо зиёиён дар бинои Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон ва чунин мулоқот соли 2015 дар "Кохи Наврӯз" сурат гирифта буд.

XS
SM
MD
LG