Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбарияти РАО-РО фишор ба бюрои Маскавро маҳкум мекунад


Шоми рӯзи ҷумъа, 18 март дар Маскав ду мард худро рӯзноманигорони шабакаи телевизионии НТВ-и Русия муаррифӣ карданд ва ба хонаи мудири дафтари Радиои Озодӣ дар Маскав омаданд. Ин ду мард аз мудири дафтари Озодӣ ё Радио Свобода мепурсиданд, ки роҷеъ ба маълумоти “ҳамқаламони пешинаашон” дар бораи дастмузди кормандони бахши русии ин радио тавзеҳот диҳад.

Аз ин ду марде, ки якеаш дар даст дастгоҳи наворбардорӣ дошт, аз мудири ин дафтар дар Маскав такрор ба такрор мепурсид, ки чӣ қадр даромад дорад ва дар атрофи Маскав соҳибӣ чӣ дороиҳост. Вай мудири дафтари “Радио Свобода”-ро муттаҳам мекард, ки пулҳои барои фаъолиятҳои иҷтимоӣ ҷудошудаи радиоро барои манфиатҳои шахсии худаш сарф кардааст.

Ненад Пейич-сардабири барномаҳои Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ ин рафторро “намунаи танаффурангези таҳдид”-и мақомоти Русия арзёбӣ кард, ки бар зидди Радиои Озодӣ, журнализми он ва муваффақиятҳои он зоҳиран мехоҳанд парванда дуруст кунанд.

Шабакаи телевизионии НТВ аз Медиа Газпроми Русия аст ва бо маъракаҳои тӯҳматбарангези худ бар зидди рӯзноманигорони мустақил, рӯзноманигорони мухолифон ва фаъолони ҷомеаи маданӣ дар ин кишвар ном баровардааст.

Ҳафтаи гузашта аз ин шабака рӯзноманигор Дмитрий Киселёв-мубаллиғи сисёсатҳои Кохи Кремл гузорише пахш кард, ки дар он рӯзноманигорони Радиои Свобода ҷосус арзёбӣ мешаванд ва гӯё бар зидди Русия кор мекунанд.

Киселёв дар ҷараёни ин гузориш эълон кард, ки дар ояндаи наздик дар бораи пахши барномаҳои байналмиллалии Амрико як гузориши мустанад намоиш дода мешавад.

XS
SM
MD
LG