Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 кушта дар таркиши маргталдабона дар Истамбул


Дар таркише дар шаҳри Истамбул 2 нафар кушта, дастикам 7 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. 19 март таркиш дар минтақаи силсиламағозаҳо дар маркази шаҳр рух дод.

Шабакаи телевизионии CNN Turk ва хабаргузории Доган гузориш додаанд, ки ин бамгузории интиҳорӣ будааст. Телевизиони маҳаллӣ нишон додааст, ки бар фарози ин минтақа чархболҳо парвоз мекунанд ва мардумро аз минтақа берун мебаранд.

13 март низ дар такиши мошини бамгузоришуда дар шаҳри Анкара 37 нафар кушта шуда буданд. Се ҳафта пеш дар ҳамин шаҳр 29 нафар дар таркиши дигаре ҷон бохтанд.

Масъулияти ҳар дуи ин таркишҳоро гурӯҳи Шоҳинҳои озодихоҳи Курдистон бар душ гирифтанд. Ин гурӯҳ як шохаи Ҳизби Коргарии Курдистон аст, ки фаъолияташ дар Туркия мамнуъ эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG