Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IRS ба ронандагон: "Ҳамдигарро эҳтиром кунед"


IRS -- ширкати масъули нигоҳдории роҳи автомобилгарди Душанбе­­-Чаноқ мегӯяд, бо вуҷуди боришоти зиёд ва фаромадани тарма, роҳро аз барф тоза кардааст ва ҳамакнун равуои мошинҳо аз ду самт имонкпазир шудааст.

Аз дафтари матбуоти ширкати IRS ба “Озодӣ” рӯзи 19-­уми март гуфтанд, барои тоза кардани шоҳрои Душанбе-Чаноқ, ки марказу шимоли кишварро бо ҳам мепайванда, ширкат аз ду ҷониб то 30 техникаву таҷҳизоти барфтозакуниро сафарбар кардааст.

Ба иттилои манбаъ, “барфу тармаи зиёд беш аз ҳама дар қитъаи 62 то 73­­ ум фаромада буд. Аммо аз ду ҷониб 15­-­тои техникаву таҷҳизот сафар бар шуданд ва ба ҷуз аз чанд соат, равуои нақлиёт дар роҳ қариб қатъ нашудааст.”

Аммо ба таъкиди масъулони ин ширкат, бархе аз ронандагон бо мошинҳои сабукрав, ки ба ҳаракат дар фасли сармо омода нестанд, ба сафар баромада, дар нимароҳ дар мемонанд ва боиси тамбашавии нақлиёти ҳамсафарашон мегарданд.

Дар хадамоти матбуоти IRS мегӯянд, ҳарчанд бо талоши ҳайати кории ширкат роҳ аз барфу тарма озод шудааст, аммо бо ин вуҷуд тамбашавии нақлиёт ҳоло ҳам дар равуои озоди мошинҳо, монеа эҷод кардааст.

IRS аз ронандагон хост тартиботро риоя кунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:51 0:00

“Тамбашавии нақлиёт ҳатто дар дохили нақби "Истиқлол", ки дар он ҷо барф ҳам нест ва роҳ хушк аст, ба миён омад. Чунки ронандагон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро сарфи назар карда, ҳамдигарро эҳтиром намекунанд ва ба самти муқобили роҳ мебароянд. Аз саҳлангории якчанд чунин ронандагон, даҳҳо мошин беш аз як соат дар дохили нақб интизор монданд”−мегӯянд дар ширкат.

Аз ин рӯ, масъулони IRS аз ронандагони нақлиёти сабукрав тақозо кардаанд, ки "бидуни омодагӣ ба сар набароянд ва дар роҳ мошинҳои ҳамсафари хешро эҳтиром кунанд, чунки худхоҳоии як ронанда метавонад боиси сар задани тамбашавии садҳо нақлиёт гардад."

Масъулияи нигоҳубини масири "Душанбе-Чаноқ" ба дӯши ширкати IRS аст. Ин ширкат дар масири роҳи «Душанбе-Чаноқ» 7 плаза - нуқтаи ҷамъоварии пул дорад. Як мошини сабукрав то 55 ва мошини боркаш то 1000 сомонӣ бояд аз Душанбе то Хуҷанд ҳаққи роҳ супорад.

Ба ҷуз аз ин қитъаи роҳ, ин ширкат масъулияти нигоҳубини қитъи роҳи Нуробод-Нимичро низ дар шоҳроҳи Ваҳдат-Ҷиргатол бар ӯҳда дорад.

XS
SM
MD
LG