Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаронса боздошти Абдисломро таъйид кард


Салоҳ Абдислом

Салоҳ Абдислом

Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса ва Шарл Мишел-нахуствазири Белгия таъйид карданд, ки “террористи эҳтимолии Порис” боздошт шудааст. 13 ноябри соли гузашта дар бамгузории Порис 130 нафар ба қатл расида буданд.

Салоҳ Абдислом ягона ширкаткунандаи ин амали террористӣ мебошад, ки зинда мондааст. Ин тундрави исломӣ ҳангоми боздошт дар хобгоҳи Моленбек дар Бруссел аз пояш тир хӯрдааст.

Рӯзи панҷшанбе додситонии Белгия хабар дода буд, ки дар яке аз ҳуҷраҳои ин хобгоҳ дар Бруссел изи ангушти Абл Ислом ошкор шудааст.

Яке аз шабакаҳои телевизионӣ гуфтааст, Абдислом яке аз ду нафарест, ки ҳангоми бамгузорӣ пинҳон шудаанд. Амалиёти боздошти вайро дар Бруссел хадамоти вижаи Бегия ва Фаронса ба таври муштарак анҷом додаанд.

Самия Мақтуф- вакили мудофеи қурбониёни бамгузории 13 ноябр мегӯяд, ки ба таври фаврӣ барои истирдоди Абдислом ба Фаронса дархост мефиристанд.

XS
SM
MD
LG