Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаъбаи сиёҳи ҳавопаймо пайдо шудааст


Ҷаъбаи сиёҳи ҳавопаймои Boeing 737-800 пайдо шудааст. Ин ҳавопаймо дар фурудгоҳи Ростови лаби Дони Русия ба фоҷеа дучор шуд. Жанна Терехова-намояндаи вазорати нақлиёти Русия дар ин бора ба матбуот хабар додааст. Вале мақомоти интизомӣ мегӯянд, ки яке аз ҷаъбаҳо пайдо шудааст ва ҷустуҷӯи ҷаъбаи дуввум идома дорад.

Намояндаи расмии бахши нақлиёти Раёсати Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, ки ду таъбири аслӣ, ки шояд сабаби суқути ҳавопаймо шудааст, бозрасӣ мешавад. Яке иштибоҳи халабонон ҳангоми идораи ҳавопаймо дар вазъи бади ҳаво ва дигарӣ нуқси фаннии ҳавопаймо.

Ин ҳавопаймо аз Дубай ба ҳаво бархост ва бояд дар Ростови лаби Дон фуруд меомад. Вале дар ҳавои бад ҳангоми талоши дубора барои нишаст ба фоҷеа дучор шуд.

Ҳамаи 55 мусофир ва 7 нафар халабони он ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG