Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо ва Туркия ба мувофиқа расиданд


Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, барои хотима додан ба бӯҳрони муҳоҷират бо Туркия ба мувофиқат расиданд. Юҳа Сипила, нахуствазири Финландия, дар саҳифаи Твиттераш хабар дод, ки дар поёни нишасти дурӯзаи сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Брюссел ба мувофиқа расиданд. Боҳуслав Соботка, нахуствазири Ҷумҳурии Чех ҳам навишт, ки “Созиш бо Туркия тасвиб шуд. Ва тамоми муҳоҷироне, ки аз Туркия ба Юнон омадаанд, сар аз 20-уми март бозгардонда мешаванд.” Бар асоси ин аҳднома Туркия бояд тамоми муҳоҷиронеро, ки аз тариқи Баҳри Эгей ба Юнон меоянд, пас бигирад. Дар иваз Иттиҳодияи Аврупо паноҳандагон аз Сурияро мустақиман аз Туркия қабул мекунад ва барои паноҳ додан ва нигоҳубини паноҳандагон бештар аз 6 миллиард евро кӯмак мекунад. Сар аз моҳи январи соли 2015 бештар аз 1 миллион паноҳанда ва муҳоҷир бо киштӣ аз Туркия ба Юнон ворид шуда ва ба кишварҳои дигари Иттиҳодияи Аврупо рафтаанд.

XS
SM
MD
LG