Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузашти Хадамоти гумрук ба чанд соҳибкор


Бинои Хадамоти гумруки Тоҷикистон
Бинои Хадамоти гумруки Тоҷикистон

Хадамоти гумруки Тоҷикистон чанд соҳибкори тоҷикро, ки дар насупурдани боҷи гумрукӣ гумонбар мешуданд, аз ҷарима озод кардааст.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон давоми як моҳи охир даҳ соҳибкорро, ки бидуни пардохти боҷи гумрукӣ молу маҳсулоташонро ба савдо гузошта буданд, ҷарима набаста, ба онҳо дар пардохти боҷи гумрукӣ сабукӣ додааст. Як масъули Хадамоти гумрук 18 март дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ин тасмим ба хотири амалӣ намудани сиёсати ҳукумат дар самти “фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ” сурат мегирад.

Ба қавли мусоҳиби мо, аслан ин соҳибкороне ҳастанд, ки дар сурати ҷарима шудан эҳтимол тиҷораташон рӯ ба муфлисшавӣ биорад. “Аз ин рӯ, ба онҳо сабукӣ дода шуд. Агар онҳо ҳам ҷарима мешуданд ва ҳам боҷи гумрукиро месупурданд, эҳтимоли мушкилот пайдо шудан дар тиҷораташон пеш меомад. Ба ин хотир бар асоси қонун ва таъкиди президенти кишвар онҳо ҷарима нашуданд ва ба супурдани боҷи гумрукӣ ташвиқ шуданд,” –гуфт ӯ.

Шоҳрух Алишеров, соҳибкори 22-солаи тоҷик аз ҷумлаи соҳибкоронест, ки ҳангоми ворид кардани беш аз 200 телефони мобилӣ боҷи гумрукиро пардохт накардааст. Ӯ мегӯяд, боҷи гумрукиро ноогоҳона насупурда буд ва ҳангоми сӯҳбат кормандони Хадамот ӯро дарк кардаанд.

Ин соҳибкор мегӯяд, эҳтимоли то 10 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданаш вуҷуд дошт, ки ин тичораташро муфлис мегардонид.

Фирдавси Араб, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, дар ин шабу рӯзи бӯҳронӣ хурдтарин ҷарима миёни соҳибкоронро мешиканад. Ӯ мегӯяд, дар ҳоле ки даромадҳои буҷа аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ иҷро нашудааст, ин талош ба суди хадамоти гумрук низ ҳаст. “Ҷаримаҳо соҳикборонро муфлис мекунанд, ки аз ин ҳисоб ҳам воридоти молу маҳсулот кам мешавад, ҳам боҷи гумрукӣ. Дар шароити кунунӣ ҷаримаи соҳибкор ба манфиат нест. Андозҳо, боҷи гумрукӣ ва пардохтҳои дигар дар ин шароит бояд барои соҳибкорон сабук шавад,” - шарҳ дод ӯ.

Ҷарима нашудани соҳибкорон ва имтиёз ба онҳо дар пардохти боҷи гумрукӣ дар ҳолест, ки соли гузашта Хадамот нақшаи пардохтҳои гумрукиро натавонист иҷро бикунад. Сайвалӣ Сафаров, роҳбари раёсати буҷаи Вазорати молияи Тоҷикистон дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, сабаби аслии иҷро нашудани қисмати даромади буҷа коҳиши савдои хориҷист.

Ба қавли ӯ, “иҷро нашудани қисмати даромади буҷа аслан аз ҳисоби кам шудани даромадҳо аз боҷи гумрукӣ аст. Чунки дар ин муддат гардиши савдои хориҷии кишвар камтар шуд ва аз ин рӯ даромадҳо низ коҳиш ёфтанд.”

Дар моҳи январи соли ҷорӣ нақшаи буҷаи Тоҷикистон 130 миллион камтар аз нақшаи пешбинӣ шуда иҷро шудааст. Ҳоло Хадамоти гумрук талош дорад, то бо роҳҳои гуногун соҳибкоронро ба пардохти боҷи гумруки ташвиқ кунад ва аз ин ҳиосб буҷаи кишварро комилтар кунад.

XS
SM
MD
LG