Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо ба Туркия гузашт мекунад


Сарони Иттиҳодияи Аврупо тавофуқ кардаанд, ки барои хотима додан ба бӯҳрони муҳоҷират ба кишварҳои узв ба Туркия имтиёзҳои сиёсиву иқтисодӣ бидиҳанд. Баъди гуфтугӯҳои якрӯза дар шаҳри Брюссел сарони Иттиҳодияи Аврупо ба раҳбари ин хонавода Доналд Туск ҳақ доданд, ки созишномаеро дар бораи баргардонидани муҳоҷирон бо Туркия имзо кунад. Бар асоси ин аҳднома Туркия бояд тамоми муҳоҷиронеро, ки аз тариқи Баҳри Эгей ба Юнон меоянда, пас бигирад. Дар иваз Иттиҳодияи Аврупо паноҳандагон аз Сурияро мустақиман аз Туркия қабул мекунад ва барои паноҳ додан ва нигоҳубини паноҳандагон бештар аз 6 миллиард евро кӯмак мекунад. Ва айни замон музокирот дар бораи қабули Туркия ба Иттиҳодияи Аврупо ва сафари бидуни раводид байни ду тараф бояд суръат бахшида шавад. Бар асоси тавофуқ, Иттиҳодияи Аврупо пули бозгардонидани муҳоҷирон аз Юнон ба Туркияро мепардозад. Дар ивази ҳар муҳоҷире, ки бозгардонда мешаванд, Иттиҳодияи Аврупо бояд як паноҳандаи Суриягӣ ва дар маҷмӯъ 72 ҳазор нафари онҳоро қабул карда ва дар байни кишварҳои узв тақсим мекунанд. Сар аз моҳи январи соли 2015 бештар аз 1 миллион паноҳанда ва муҳоҷир бо киштӣ аз Туркия ба Юнон ворид шуда ва ба кишварҳои дигари Иттиҳодияи Аврупо рафтаанд.

XS
SM
MD
LG