Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Олтиной Омурбекова аз ҷиноҳи “Республика - Ата-Журт” ба вазифаи муовини раиси Жогорку Кенеш - парлумони Қирғизистон интихоб шуд. Вакилони порлумон дар ин бора қарореро тасвиб карданд.

Раиси комиссияи ҳисоб Мирлан Жеенчороев хабар дод, ки дар интихоботи махфӣ 72 вакил барои интихоби Омурбекова ба вазифаи муовини раис овоз доданд. Аз номзади дувум, намояндаи ҷиноҳи “Бир Бол” Чулпон Ҷакупова 41 вакил пуштибонӣ кард.

Ёдовар мешавем, дар аввали моҳи феврал муовини раиси Жогорку Кенеш, намояндаи мухолифон Бакит Есенбаева дар ҷаласаи порлумон аз вазифаи вакилии худ даст кашид.

Дар сохтори нави порлумон ду вазифаи муовини раис вуҷуд дорад, ки яке аз онҳоро намояндаи аксарият ва дувумиро намояндаи мухолифон соҳиб мешаванд.

XS
SM
MD
LG