Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вашингтон “федератсия”-ро эътироф намекунад


Иёлоти Муттаҳида ноҳияҳои “худидорашаванда” дар қаламрави Сурияро эътироф намекунад, изҳор медорад Департаменти давлатии ИМА. Ахиран ҳизбҳои курдӣ аз ташкили “сохтори федеративӣ” дар минтақаҳои таҳти назораташон дар шимоли Сурия хабар доданд.

Намояндаи Департаменти давлатӣ Ҷон Кирбӣ таъкид кард, ки ҳадафи ИМА Сурияи ягона ва тақсимнашванда аст. Вашингтон аз минтақаҳои нимамухтор дар Сурия пуштибонӣ намекунад, зикр шудааст дар баёния.

Қатъномаи курдҳои суриягиро ҳукумати Сурия ва Эътилофи миллии мухолифон низ қабул надоранд. Созмони дувумиро кишварҳои абарқудрати ғарбӣ ҳимоят мекунанд. Намояндаҳои Туркия низ аз қобили ҳимоят набудани амалкарди якҷонибаи ҳизбҳои курдӣ изҳори назар карданд.

Ниҳодҳои фаъоли сиёсии курдии Сурия ба гуфтушунидҳои сулҳи Женева, ки бо ҳимояти СММ баргузор шуданд, роҳ наёфтанд. Ин ҳамоиш, ба гуфтаи ширкаткунандаҳояш, бояд ба ҳалли сиёсии бӯҳрони Сурия ва анҷоми ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ сабаб шавад.

XS
SM
MD
LG