Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин панҷумин сарбози кушташуда дар Сурияро ном бурд


Президенти Русия Владимир Путин ёди сарбози дар Сурия кушташуда Федор Журавлевро гиромӣ дошта ва бо ин хомӯшии чаҳормоҳаи марбут ба ҳалокати сарбозонро шикаст. Изҳороти ӯ дар ҷаласаи тақдими ҷоизаҳо ба ширкатдорони амалиёти Сурия ва ҳамсарони сарбозони кушташуда дар Кремл садо дод.

Журавлеви 27-сола панҷумин низомии Русия буд, ки дар амалиёти Сурия кушта шуд.

Мақомоти Русия дар гузашта иштироки нерӯҳои вижаро барои анҷоми вазифаҳои махсус дар ҳудуди Сурия рад мекарданд. Русия мегуфт, низомиҳояш танҳо зарбаи ҳавоӣ мезананд, артиши Сурияро тамрин медиҳанд ва пойгоҳҳои Русияро ҳимоят мекунанд.

Пештар расонҳои Русия аз кушта шудани 4 сарбози рус хабар дода буданд.

Амалиёти низомии Русия дар Сурия аз 30 сентябр то 15 март, замони фармони Путин ба баровардани бахше аз нерӯҳо идома кард. Теъдоди нерӯҳои Русия дар Сурия то кунун расман эълон нашудааст.

XS
SM
MD
LG