Пайвандҳои дастрасӣ

Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ"-ро дар наслкушӣ ва ё қатли оми язидиҳо, масеҳиҳо ва мусалмонҳои шиамазҳаб айбдор кард.

Ба гуфтаи вай, ДИ созмонест, ки наслкуширо амалӣ мекунад ва бо тамоми ақидаву рафтораш як созмони наслкуш аст.

Ҷон Керрӣ бо зикри ин ҳарфҳо дар нишасти вижаи Департаменти давлатии ИМА , гуфт, ки ДИ ҳамчунин масъули ҷиноятҳои зиддибашарӣ ва поккориҳои қавмиест, ки зидди суннимазҳабон, курдон ва ақаллиятҳои дигар равона мешавад.

Ҷон Керрӣ мегӯяд, сарфи назар аз идомаёбии ҷанг ва дастрас набудани минтақаҳои муҳим (ин ду омил маълумоти комил дарёфт кардан аз харобиҳои ДИ-ро номумкин гардонидааст), метавон ба хулоса расид, ки ДИ "наслкушӣ" мекунад. Ба гуфтаи ӯ ҳадаф ин нест, ки бо нобуд кардани ДИ гурӯҳи нави террористие ҷойи онро ишғол кунад. "Ҳадафи мо ин аст, ки тундгароёнро ба якборагӣ ва барои ҳамеша нобуд кунем", - гуфт Ҷон Керрӣ.

XS
SM
MD
LG