Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Шоҳнома"-хонӣ дар Наврӯзи Нижний Новгород


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони халқҳои дигари ҳавзаи Наврӯз ин идро дар шаҳри Нижний Новгороди Русия рӯзҳои 22 ва 28 март бо баргузории ду ҷашнвораи наврӯзӣ таҷлил мекунанд. Эраҷ Боев, раиси Конгресси халқҳои форсизабон, як созмони ҷамъиятии фаъол дар Нижний Новгород рӯзи 17 март ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 22 март дар ин шаҳр ҷашнвораи наврӯзии байнидонишгоҳӣ доир мешавад, ки дар он донишҷӯёни тоҷик низ ширкат ва ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Ҷашнвораи дувуми наврӯзӣ рӯзи 28 март дар «Толори дӯстии халқҳо»-и Китобхонаи Нижний Новгород бо ибтикори Конгресси халқҳои форсизабон ва дигар ҷамъиятҳои миллӣ доир мешавад. Эраҷ Боев гуфт, дар чорчӯби ин ҷашнвора намоиши осори ҳунарии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз барпо мешавад ва меҳмонон аз ҷумла бо сӯзаниҳову наққошиҳо ва либосҳои миллӣ ва ҳамчунин созҳои мусиқии ин мардумон ошно хоҳанд шуд. Ҳамчунин дар доираи ин ҷашнвора як мизигирд бахшида ба 10005-солагии «Шоҳнома»-и Абдулқосим Фирдавсӣ доир мешавад ва ба гуфтаи Эраҷ Боев, дар он намояндагони қавмҳои мухталиф «Шоҳнома»-ро бо забонҳои худ қироат мекунанд.

XS
SM
MD
LG