Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ихроҷи 4 муҳоҷири тоҷик аз Тотористон


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Танҳо дар ду рӯзи охир Хадамоти приставҳои ҷумҳурии Тотористони Русия 29 муҳоҷири ғайриқонуниро ихроҷ кардаанд. Дар иттилоияи ин ниҳод гуфта мешавад, ки “22 нафарро ба Тошканд, сеи дигарро ба Украина ва боз 4 нафарро ба Тоҷикистон фиристодаанд.” Аз аввали соли равон танҳо аз ин ҷумҳурии Русия 177 муҳоҷирро бо ҷурми вайрон кардани қоидаҳои будубош ихроҷ кардаанд. Соли гузашта аз Тотористон 658 муҳоҷир ихроҷ шуда буд.

Бино ба ҳисобҳо, дар ҳудуди Тотористон тақрибан 50 000 шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ҷамъи шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, то 1 январ ба 331 391 нафар расида буд.

XS
SM
MD
LG