Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷудоихоҳон шиносномаи худро бароварданд


Александр Захарченко

Александр Захарченко

Дар минтақаи Донетск дар шарқи Украина ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия шиноснома ё пасспорти худро баровардаанд. Ин шиносномаи сурхи Донетск 16 март аз чоп баромад.

Шумораи аввали ин шиносномаро ба Александр Захарченко-раҳбари Донетски ҷудоихоҳ доданд. Вай гуфт: “Ин санад гувоҳи он аст, ки мо чӣ кор карда метавонем, мо аз чӣ ҳимоя кардем ва ба чӣ ноил шудем. Мо ба баровардани шиносномаҳои худ оғоз намудем”.

Захарченко гуфт, ҳар касе, ки мехоҳад дар интихобот ширкат ҷӯяд, бояд ин шиносномаро дошта бошад. Рӯзи баргузории ин интихобот бояд барномарезӣ шавад.

Вай гуфт, дар рӯи ин санад, ки уқоби дусара тасвир шудааст, замонат медиҳад, то соҳибони онҳо ба Русия рафту омад кунанд.

Киев мегӯяд, ки интихобот бояд бар асоси қонунҳои Украина ва зери назорати нозирони САҲА баргузор гардад. Ин ду шартро ҷудоихоҳон қабул надоранд.

XS
SM
MD
LG