Пайвандҳои дастрасӣ

Аз 17 март Русия ба воридоти фаровардаҳои кишоварзии Туркия маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард. Росселхознадзор - идораи назоратии Русия дар бахши ҳайвоноту меваҷот мегӯяд, маҳдудияти нав ба таҳримҳо рабт надорад.

Ба иттилои ин ниҳод, маҳдудияти воридоти анор ва занҷабили ширин на танҳо мустақиман аз Туркия, балки тавассути кишвари севум ҳам мамнуъ аст.

Россельхознадзор мегӯяд, аз Туркия ҳамеша маҳсулоте ворид мешавад, ки дорои ҳашароти заррарасон ҳастанд.

Муносибатҳои Туркияву Русия баъди сарнагун кардани ҳавопаймои бомбафкани русии Су-24 дар моҳи ноябри соли гузашта сард шуд.

Русия аз 1 январи соли 2016 зидди Туркия таҳрим ҷорӣ кард. Воридоти чанд навъи ғизо он замон манъ шуда буд. Афлесун, мандарин, ангур, себ, нок, зардолу, шафтолу, олуболу, қулфинай, помидор, бодиринг, пиёз ва гулкарам дар ин феҳрист ҷой дода шудаанд.

XS
SM
MD
LG