Пайвандҳои дастрасӣ

Туркманистон ва Покистон ТАПИ-ро баррасӣ мекунанд


Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо сафари дурӯза вориди Покистон шуд. Интизор меравад дар ҷараёни ин сафар тарҳи интиқоли гази табиӣ аз Туркманистон ба Ҳиндустон аз тариқи қаламрави Афғонистон ва Покистон баррасӣ шавад. Ин тарҳ, ки аз он ТАПИ ном бурда мешавад, бароварда сохтани ниёзҳои энержии минтақаро ҳадаф дорад.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро дар Исломобод нахуствазири Покистон Навоз Шариф пешвоз гирифт. Дар пасманзари худдории Русия аз харидории гази табиӣ аз Туркманистон, ин сафари раиси ҷумҳури Туркманистон хеле муҳим арзёбӣ мешавад.

Дар моҳи декабри соли гузашта раҳбарони чаҳор кишвар дар маросими оғози сохтмони қубури интиқоли газ дар шаҳри Марви Туркманистон ширкат карда буданд. Навоз Шариф аз замони нахуствазири Покистон шуданаш дар соли 2013 ба иҷрои ин тарҳ талош мекунад. Дастрасӣ ба худкифоягии энергетикии Покистон меҳвари маъракаи интихобтиаш буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG