Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон барқро ба Қирғизистон гаронтар фурӯхтанист


Тоҷикистон ба Қирғизистон пешниҳод кард, ки ҳар киловат нерӯи барқашро бар ивази 3,2 сенти амрикоӣ харидорӣ кунад. Дар нӯҳ моҳи соли гузашта Тоҷикистон ба Қирғизистон 150 миллион киловат соат нерӯи барқро бо нархи 2,5 сентӣ фурӯхта буд.

Дар соли ҷорӣ Қирғизистон маҷбур аст аз хориҷи кишвар нерӯи барқ харидорӣ кунад ва аллакай бо Қазоқистон ва Тоҷикистон гуфтушунидҳо оғоз шудааст. Дар ин бора дар ҷаласаи кумитаи энергетика ва истифодаи сарватҳои зеризаминии парлумони Қирғизистон раҳбари ширкати энержӣ Ойбек Калиев хабар дод. Ба гуфтаи вай, Қирғизистон ба 650 миллион киловат соат нерӯи барқи воридотӣ ниёз дорад.

“Гуфтушунид идома дорад. Мутаассифона, дар соли ҷорӣ арзиши нерӯи барқ гаронтар шудааст. Соли гузашта 2,5 сентӣ мехаридем, ҳоло бошад ба мо нерӯи барқро бо нархи 3,2 сентӣ пешниҳод мекунанд. Сабаб дар он аст, ки аз соли ҷорӣ Тоҷикистон нерӯи барқро ба Афғонистон бо ҳамин нарх содир мекунад. Гуфтушунид дорем ва агар дар арзиши нерӯи барқ ба хулосае расем, дар ин замина корро идома медиҳем”, - гуфт Калиев.

Вай хабар дод, ки Қазоқистон низ нархи нерӯи барқро боло бурдааст, аммо рақаму адад наовард.

XS
SM
MD
LG