Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон: 8-10 ҳавопаймои Русия аз Сурия берун шудааст


Эътилофи низомии таҳти роҳбарии ИМА, ки зидди гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" меҷангад, мегӯяд, чанде аз ҳавопаймоҳо ва нерӯҳои низомии Русия Сурияро тарк мекунанд. Аммо нерӯи низомии Русия дар Сурия аз ин тағйири зиёд намебинад.

Дар ин бора сарҳанг Стив Уоррен дар як нишасти хабарӣ дар Ироқ хабар дода, гуфтааст, аз ҳашт то даҳ адад ҳавопаймо ва теъдоде аз нерӯҳои заминӣ лавозимоташонор ҷамъ оварда, омодаи баргаштан ба Русия ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, Уоррен мегӯяд, парвози ҳавопаймоҳои низомии Русия дар Сурия идома дорад, аммо онҳо зарба намезананд. Воҳидҳои тӯпхонаи Русия, ки артиши Сурияро дар ҷанги зидди "Давлати исломӣ" дар наздикии Полмиро кумак мекунанд, дар мавзеъҳои худ боқӣ мондаанд, мегӯяд намояндаи Пентагон.

"Ҳадафи русҳоро фаҳмидан мушкил аст. Қабл аз ҳама мо ин эълонро интизор набудем, ба ҳамин хотир мо гуфтору рафтори онҳоро муқоиса мекунем ва бояд интизор шавем, ки чӣ ҳодисаҳое рух хоҳанд дод", - гуфт Уоррен.

XS
SM
MD
LG