Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади Одиназодаро дар Ваҳдат аз зери хок ёфтанд


Кормандони вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ҷасади Пардабой Одиназодаи 25 соларо, ки дар шаҳри Ваҳдат дар 20 километрии шарқи Душанбе нопадид шуда буд дар назди деҳаи Ҷавонон аз зери хок пайдо намуданд.

Дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохила 17 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кормандони зудамали умури дохила баъди ҷустутҷӯи дурӯза ҷасади Пардабойро шоми рузи чоршанбе аз зери хок пайдо карданд, ки як сокини дигари ҳамин ноҳия ӯро барои пул буғӣ намуда, барои пинҳон намудани ҷинояташ ҷасадашро гур кардааст.

Вазорати корҳои дохила мегӯяд, рӯзи 15 март Неъматҷон Солеҳов сокини шаҳри Ваҳдат ҳамчун гумонбар дар марги Пардабой боздошт шудааст.

Тавре мақомоти тафтишотӣ мегуяд, Неъматҷон Солеҳов дар ибтидо гумон доштааст, ки Пардабой маблағи калан дорад ва бо ҳадафи ба даст овардани пули ӯ ба мошинаш “Мерседес-Бенс” савор карда, ба тарафи деҳаи Ҷавонони шаҳри Ваҳдат бурда, ӯро бо зур буғӣ намудааст.

Солеҳов телефони ҳамроҳи “Алкател” ва 2100-сомонии Пардабойро зери хок намуда фирор мекунад. Феълан дар нисбати Неъматҷон Солеҳов бо моддаи 104 (куштор) парвандаи ҷингоӣ боз шуда тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG